Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:26 - Китоби Муқаддас 1992 1999

26 Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:26
14 Iomraidhean Croise  

Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.


Барои худ қолинҳо мебофад; катон ва арғувон пероҳани вай аст.


Дар он рӯз Худованд зебу зинати халхолҳо, ва пешонабандҳо, ва тавқҳоро нест хоҳад кард;


Нуқраи тахтагӣ аз Таршиш оварда шудааст, ва тилло — аз Уфоз; маснӯи наҷҷор ва амали дасти заргар аст; матои лоҷвард ва арғувон либоси онҳост; ҳамаи онҳо маснӯоти ҳунармандон аст.


Катони гулдӯзии Миср бодбони ту буд, то ки ливое барои ту бошад. Матои лоҷвард ва арғувон аз ҷазираҳои Алишо чодири ту буд.


Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард.


Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд,


Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт: «Инак Он Одам!»


Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, бо тилло, ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд;


Молҳои тилло ва нуқра, ва ҷавоҳирот, ва марворид, ва катон, ва арғувон, ва абрешим, ва қирмиз, ва ҳар дарахти муаттар, ва ҳар маснуот аз оҷ, ва ҳар маснуот аз дарахтони гаронбаҳо, аз мис ва оҳан ва мармар,


Ва хоҳанд гуфт: „Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд!


Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт.


Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд.


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan