25 Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд.
Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.
Ва Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Аз шумо хоҳише дорам, ки ҳар яке аз шумо гӯшворае аз ғанимати худ ба ман бидиҳад». Зеро ки исмоилиён гӯшвораҳои тилло доштанд.
Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд.