Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:24 - Китоби Муқаддас 1992 1999

24 Ва Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Аз шумо хоҳише дорам, ки ҳар яке аз шумо гӯшворае аз ғанимати худ ба ман бидиҳад». Зеро ки исмоилиён гӯшвораҳои тилло доштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:24
17 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки шутурон аз нӯшидан бозистоданд, он мард ҳалқаи тиллои вазнаш ним сиқл, ва барои дастҳои вай ду дастпонаи вазнаш даҳ сиқл тиллоро гирифт,


Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.


Ва ин аст насаби Исмоил писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим зоида буд.


Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи насаби онҳо; нахустзодаи Исмоил Набойӯт, Қедор, Адбаил, Мибсом,


Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.


Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.


Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.


Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигӯед: „Он ки шамшер ба камар мебандад, набояд мисли он ки шамшер аз камар мекушояд, фахр намояд“».


Ва банӣ‐Исроил аз рӯи гуфтаи Мусо амал карда, аз мисриён колои нуқра ва колои тилло ва либосҳо пурсиданд.


Ва тамоми қавм ҳалқаҳои тиллоеро, ки дар гӯшҳошон буд, кашида, назди Ҳорун оварданд.


Ва онҳоро аз дасташон гирифта, бо қалами ҳаккокӣ ба шакле даровард, ва гӯсолаи рехтае аз он сохт; ва гуфтанд: «Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!»


Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: „Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!“»


Ва асбоби зебу зинати худро, ки аз он мебошад, онҳо боиси ифтихор гардонидаанд, ва бутҳои зишт ва қабеҳи худро аз он сохтаанд; барои ҳамин ҳам Ман онро барояшон ба чизи наҷисе табдил хоҳам дод.


Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд.


Оё равост, ки ман нони худ ва оби худ ва гӯшти худро, ки барои пашмбурони худ муҳайё кардаам, бигирам ва ба касоне ки намедонам аз куҷо пайдо шудаанд, бидиҳам?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan