23 Вале Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Ман бар шумо салтанат нахоҳам ронд, писарам низ бар шумо салтанат нахоҳад ронд; Худованд бар шумо салтанат хоҳад ронд».
Бигзор Исроил дар Офаридагори худ шодӣ кунад; фарзандони Сион дар Подшоҳи худ хурсандӣ кунанд;
Чунки Худованд довари мост, Худованд қонунгузори мост, Худованд подшоҳи мост; Ӯ моро наҷот хоҳад дод.
Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.
Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед, —
Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд».
Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.
Ва исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо салтанат бирон, ҳам худат, ҳам писарат, ҳам писари писарат; зеро ки ту моро аз дасти Мидьён раҳо кардӣ».
Ва шумо имрӯз Худои худро, ки шуморо аз ҳамаи тангиҳо ва мусибатҳои шумо наҷот медиҳад, рад намуда, ба Ӯ гуфтед: „Подшоҳе бар мо таъин намо“. Ва алҳол мувофиқи сибтҳо ва қабилаҳои худ ба ҳузури Худованд ҳозир шавед».
Ва чун дидед, ки Ноҳош, подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ба муқобили шумо меояд, ба ман гуфтед: „Не, бигзор подшоҳе бар мо подшоҳӣ кунад“, ва ҳол он ки Худованд Худои шумо подшоҳи шумост.