Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:21
13 Iomraidhean Croise  

Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.


Ба яқин як рӯз дар саҳнҳои Ту беҳтар аст аз ҳазор: афзал донистаам, ки назди остонаи хонаи Худо биистам, назар ба он ки дар хаймаҳои шарорат сокин бошам.


Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст; Худованд меҳр ва ҷалол хоҳад бахшид; касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард.


Дар он рӯз Худованд зебу зинати халхолҳо, ва пешонабандҳо, ва тавқҳоро нест хоҳад кард;


Ва пас аз ин Еҳушаъ онҳоро зада кушт ва бар панҷ дор овехт; ва то шом онҳо бар дорҳо овезон буданд.


Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.


Ба ӯ гуфтанд: «Мо фурӯд омадаем, то ки туро баста, ба дасти фалиштиён бисупорем». Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ба ман қасам ёд кунед, ки худатон ба ман осебе нахоҳед расонид».


Ва ба нахустзодаи худ Етер гуфт: «Бархез ва онҳоро бикуш!» Лекин амрад шамшери худро накашид, зеро ки метарсид, чунки ҳанӯз амрад буд.


Ва исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо салтанат бирон, ҳам худат, ҳам писарат, ҳам писари писарат; зеро ки ту моро аз дасти Мидьён раҳо кардӣ».


Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд.


Ва ӯ зуд навкари силоҳбардори худро хонда, ба вай гуфт: «Шамшератро кашида, маро бикуш, мабодо гӯянд, ки „зане ӯро кушт“». Ва навкараш ӯро шамшер зад, ва ӯ мурд.


Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд; ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд; ва ӯ аз дасти тирандозон бағоят дилтанг шуд.


Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, бо ӯ мурд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan