Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт.
Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.