2 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Алҳол ман чӣ коре мисли шумо кардаам? Оё шингилҳои охирине ки Эфроим чидааст, аз тамоми ангурчинии Абиэзер беҳтар нест?
Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои аз бандҳо афтодаро начинед.
Инҳоянд банӣ‐Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,
Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.
Ва Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт; ва ӯ шох навохт, ва аҳли Абиэзер дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд.
Ва мардуми Эфроим ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ, яъне вақте ки бар зидди Мидьён ба ҷанг рафтӣ, моро даъват нанамудӣ?» Ва ба ӯ сахт хархаша карданд.
Мирони Мидьён, Ӯриб ва Заибро Худо ба дасти шумо таслим намуд, ва ман чӣ коре мисли шумо метавонистам бикунам?» Вақте ки ӯ ин суханонро гуфт, хашмашон аз ӯ фурӯ нишаст.