18 Ва ба Забаҳ ва Салмуноъ гуфт: «Онҳое ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна одамон буданд?» Ва гуфтанд: «Онҳо мисли ту буданд, ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт».
Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.