16 Ва пирони шаҳр ва хорҳои биёбон ва янтоқҳоро гирифта, бо онҳо мардуми Суккӯтро ба ҷазо мустаҳиқ намуд.
Зодагони ҳокими Мӯоб, аз фарзандони Ешуа ва Юоб — ду ҳазору ҳаштсаду дувоздаҳ;
Дар лабҳои оқил ҳикмат мавҷуд аст, вале чӯб барои тахтапушти беақл аст.
Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст, ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.
Беҳтарини онҳо мисли хор нешдор аст, росткори онҳо аз хорбаст бадтар; рӯзи дидбонони ту, яъне ҷазои ту фаро мерасад; акнун изтироби онҳо пурзӯр хоҳад шуд.
Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“»
Ва бурҷи Фануилро вайрон карда, мардуми шаҳрро кушт.
Ва Ҷидъӯн гуфт: «Ба ин сабаб, вақте ки Худованд Забаҳ ва Салмуноъро ба дасти ман таслим намояд, ман гӯшти бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва бо янтоқҳо хоҳам кӯфт».