14 Ва амрадеро аз мардуми Суккӯт дастгир карда, аз вай пурсупос намуд, ва вай барои ӯ номҳои мирони Суккӯт ва пирони онро, ки ҳафтоду ҳафт нафар буданд, навишт.
Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
Ва Ҷидъӯн ибни Юош аз баландии Ҳорас аз ҷанг баргашт.
Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“»