13 Ва Ҷидъӯн ибни Юош аз баландии Ҳорас аз ҷанг баргашт.
Забаҳ ва Салмуноъ рӯ ба гурез оварданд, ва ӯ онҳоро таъқиб менамуд, ва ду подшоҳи Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро дастгир кард, ва тамоми ӯрду ба ҳарос афтоданд.
Ва амрадеро аз мардуми Суккӯт дастгир карда, аз вай пурсупос намуд, ва вай барои ӯ номҳои мирони Суккӯт ва пирони онро, ки ҳафтоду ҳафт нафар буданд, навишт.