Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва дар ҳамон шаб Худованд ба ӯ гуфт: «Бархоста, ба ӯрду фурӯд ой, зеро ки онро ба дасти ту таслим намудаам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:9
23 Iomraidhean Croise  

Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».


Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо мешавад, вақте ки одамонро хоб зер мекунад,


Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;


Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».


Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд


Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки онҳоро ба дасти ту супурдаам: ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад пеши ту истодагӣ намояд».


Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки фардо дар чунин вақт, Ман ҳамаи онҳоро барои торумор кардани Исроил хоҳам супурд; аспҳои онҳоро пай бикун, ва аробаҳои онҳоро ба оташ бисӯзон».


Ва ба Еҳушаъ гуфтанд: «Ба ростӣ, Худованд тамоми он заминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он замин пеши мо беҷуръат шудаанд».


Ва Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳорун дар он айём пеши он меистод, — ва гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин ба ҷанг бароям, ё даст кашам?» Ва Худованд гуфт: «Бароед, зеро ки фардо онҳоро ба дасти ту хоҳам супурд».


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд.


Ва агар ту аз фурӯд омадан метарсида бошӣ, бо навкари худ Фуро ба ӯрду фурӯд ой.


Ва он мардон тӯшаи қавм ва шохҳои худро ба дасти худ гирифтанд, ва бақияи исроилиёнро ӯ ба хаймаҳошон фиристода, сесад нафарро нигоҳ дошт; ва ӯрдуи Мидьён дар поёни ӯ, дар водӣ буданд.


Ва Йӯнотон гуфт: «Инак, мо сӯи ин одамон убур намуда, худро ба онҳо нишон медиҳем.


Ва Довуд бори дигар аз Худованд пурсид, ва Худованд ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Бархоста, ба Қаило фурӯд ой, зеро ки Ман фалиштиёнро ба дасти ту хоҳам супурд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan