Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва он мардон тӯшаи қавм ва шохҳои худро ба дасти худ гирифтанд, ва бақияи исроилиёнро ӯ ба хаймаҳошон фиристода, сесад нафарро нигоҳ дошт; ва ӯрдуи Мидьён дар поёни ӯ, дар водӣ буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:8
11 Iomraidhean Croise  

Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард.


«Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор барои шумо оромӣ бошад, яъне иди ёдгории навохтани карнайҳо ва ҷамъомади муқаддас.


Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, шохи баландовозро бинавоз; дар рӯзи кафорат шохро дар тамоми замини худ бинавозед.


Ва ҳангоме ки дар замини худ бар зидди душмани ба танг оварандаи шумо ба ҷанг меравед, карнайҳоро бо садои дуру дароз бинавозед; ва дар ҳузури Худованд Худои худ ба ёд оварда хоҳед шуд, ва аз душманони худ наҷот хоҳед ёфт.


Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тағьир хоҳем ёфт,


Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.


Ва чун шохи қӯчқор дуру дароз навохта шавад, ва шумо садои шохро бишнавед, бигзор тамоми қавм бо овози баланд фарьёд зананд, ва ҳисори шаҳр дар ҷои худ фурӯ хоҳад ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил хоҳанд шуд».


Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.


Ва тамоми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ якҷоя ҷамъ шуданд, ва аз наҳр убур намуда, дар водии Изреъил ӯрду заданд.


Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт: «Бо ин сесад нафар, ки даст ба даҳон оварда нӯшиданд, Ман шуморо наҷот хоҳам дод, ва Мидьёнро ба дасти ту таслим хоҳам намуд, ва тамоми қавм бигзор ҳар яке ба макони худ бираванд».


Ва дар ҳамон шаб Худованд ба ӯ гуфт: «Бархоста, ба ӯрду фурӯд ой, зеро ки онро ба дасти ту таслим намудаам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan