Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ва сесад шох як зайл менавохт, ва Худованд шамшери ҳар якеро сӯи рафиқаш нигаронид, ва дар тамоми ӯрду вазъият чунин буд, ва ӯрду то Байт‐Ҳашитто ба сӯи Сареро ва то канори Обил‐Маҳӯло, ки назди Таббот аст, гурехтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:22
18 Iomraidhean Croise  

Ва Еҳу ибни Нимширо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намо, ва Элишоъ ибни Шофотро, ки аз Обил‐Маҳӯло мебошад, ба набигӣ ба ҷои худат тадҳин намо.


Баано ибни Аҳилуд — дар Таънок ва Маҷиддӯ ва тамоми Байт‐Шеон, ки дар наздикии Сортано, поёнтари Изреъил аст, аз Байт‐Шеон то Обил‐Маҳӯло, то он тарафи Ёқемъом;


Ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб бар сокинони кӯҳи Сеир қиём намуда, онҳоро несту нобуд карданд, ва ҳангоме ки кори сокинони Сеирро тамом карданд, якдигарро куштан гирифтанд.


Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав; эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.


Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт, ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр, ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат ҷанг хоҳанд кард.


Ту халқро афзун гардондӣ, шодмонии онҳоро зиёд кардӣ: ба ҳузури Ту шодӣ карданд, мисли шодмонии мавсими дарав, мисли касоне ки дар вақти тақсим кардани ғанимат ба ваҷд меоянд,


Зеро ки Ту юғи вазнини онҳоро, ва ғӯлачӯберо, ки бар дӯши онҳо буд, яъне калтаки ситамгари онҳоро шикастӣ, чунон ки дар рӯзи Мидьён воқеъ шуда буд.


Ва шамшере ба зидди ӯ бар кӯҳҳои Худ хоҳам хонд, мегӯяд Худованд Худо; ва шамшери ҳар кас ба муқобили бародараш хоҳад буд.


Сари ҳокимони варо бо тирҳои худи вай маҷрӯҳ кардӣ, вақте ки онҳо мисли тундбоде ҳамла оварданд, то ки маро пароканда намоянд, дар айни хол шодии онҳо мисли он буд, ки мискинеро ба таври пинҳонӣ фурӯ мебурда бошанд.


Ва тахти мамлакатҳоро сарнагун хоҳам сохт, ва қуввати мамлакатҳои халқҳоро маҳв хоҳам намуд, ва аробаро бо саворонаш чаппа хоҳам кард, ва аспон бо саворонашон аз шамшери якдигар фурӯ хоҳанд ғалтид.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки даҳшати азиме аз ҷониби Худованд дар миёни онҳо ба вуҷуд хоҳад омад, ва дасти якдигарро хоҳанд дошт, ва дасти яке бар зидди дасти дигаре бардошта хоҳад шуд.


Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;


Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.


Ва ин шаҳр, ва ҳар чи дар он аст, барои Худованд ҳаром хоҳад буд; фақат Роҳоби фоҳиша бо ҳар касе ки дар хонаи вай аст, зинда хоҳад монд, зеро вай қосидонеро, ки фиристодем, пинҳон кард.


Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.


Ва чун шохи қӯчқор дуру дароз навохта шавад, ва шумо садои шохро бишнавед, бигзор тамоми қавм бо овози баланд фарьёд зананд, ва ҳисори шаҳр дар ҷои худ фурӯ хоҳад ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил хоҳанд шуд».


Вале вақте ки духтари Шоул Мераб мебоист ба Довуд дода мешуд, вай ба Адриили меҳӯлотӣ ба занӣ дода шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan