Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ва ҳар яке дар ҷои худ гирдогирди ӯрду истоданд; ва тамоми ӯрду давида ва фарьёд зада, рӯ ба гурез ниҳоданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:21
12 Iomraidhean Croise  

Ва ҳар яке аз онҳо ҳарифи худро зада куштанд, ва арамиён рӯ ба гурез оварданд, ва исроилиён онҳоро таъқиб мекарданд; ва Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, ба асп савор шуда, бо чанде аз сарваронаш раҳоӣ ёфт.


Ва ӯ гуфт: «Гӯш андозед, эй тамоми Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва подшоҳ Еҳӯшофот! Худованд ба шумо ҷунин мегӯяд: „Шумо аз ин анбӯҳи бузург натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.


Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».


Ва чархҳои аробаҳошонро баровард, ба тавре ки онҳо базӯр ҳаракат мекарданд. Ва мисриён гуфтанд: «Аз пеши исроилиён бигрезем, зеро ки Худованд барои онҳо бо мисриён ҷанг мекунад».


Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест; вале одилон мисли шер далеранд.


Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед; қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»; вале шумо нахостед.


Чунки ёварии мисриён ҳеҷу пуч аст; бинобар ин онҳоро хондаам: «Раҳаби бекорнишин».


Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;


Ва ҳар се фавҷ шохҳоро навохтанд, ва кӯзаҳоро шикастанд, ва машъалҳоро дар дасти чапашон ва шохҳоро дар дасти росташон нигоҳ дошта, менавохтанд ва фарьёд мезаданд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan