Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:20 - Китоби Муқаддас 1992 1999

20 Ва ҳар се фавҷ шохҳоро навохтанд, ва кӯзаҳоро шикастанд, ва машъалҳоро дар дасти чапашон ва шохҳоро дар дасти росташон нигоҳ дошта, менавохтанд ва фарьёд мезаданд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:20
14 Iomraidhean Croise  

Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард.


Эй шамшери Худованд, то ба кай ором нахоҳӣ шуд? Ба ғилофи худ баргашта, бозъист ва ором шав.


Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тағьир хоҳем ёфт,


Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;


Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳьё хоҳанд шуд;


Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.


Ва ин шаҳр, ва ҳар чи дар он аст, барои Худованд ҳаром хоҳад буд; фақат Роҳоби фоҳиша бо ҳар касе ки дар хонаи вай аст, зинда хоҳад монд, зеро вай қосидонеро, ки фиристодем, пинҳон кард.


Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.


Ва чун шохи қӯчқор дуру дароз навохта шавад, ва шумо садои шохро бишнавед, бигзор тамоми қавм бо овози баланд фарьёд зананд, ва ҳисори шаҳр дар ҷои худ фурӯ хоҳад ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил хоҳанд шуд».


Ва саъю кӯшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.


Ва Ҷидъӯн ва сад нафаре ки бо ӯ буданд, ба канори ӯрду дар ибтидои поси миёна, вақте ки посбонон навакак иваз шуда буданд, расида, шохҳоро навохтанд ва кӯзаҳоро, ки дар дасташон буд, шикастанд.


Ва ҳар яке дар ҷои худ гирдогирди ӯрду истоданд; ва тамоми ӯрду давида ва фарьёд зада, рӯ ба гурез ниҳоданд.


Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Шоул қавмро ба се фавҷ тақсим намуд, ва онҳо дар поси саҳарӣ ба даруни ӯрдугоҳ омаданд, ва то вақти гармии офтоб аммӯниёнро торумор карданд; ва бақияи онҳо пароканда шуданд, ба тавре ки ду нафар аз онҳо дар як ҷо намонданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan