Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Ва Ҷидъӯн ва сад нафаре ки бо ӯ буданд, ба канори ӯрду дар ибтидои поси миёна, вақте ки посбонон навакак иваз шуда буданд, расида, шохҳоро навохтанд ва кӯзаҳоро, ки дар дасташон буд, шикастанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:19
11 Iomraidhean Croise  

Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод; мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард».


Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст.


Ва дар поси саҳарӣ чунин воқеъ шуд, ки Худованд аз даруни сутуни оташ ва абр бар ӯрдуи мисриён назар андохт, ва ӯрдуи мисриёнро ба изтироб овард.


Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: „Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед“.


Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб.


Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.


Ва сесад нафарро ба се фавҷ тақсим намуд, ва ба дасти ҳамаи онҳо шохҳо ва кӯзаҳои холӣ дод, ва андаруни кӯзаҳо машъалҳо буд.


Ва ҳангоме ки ман ва ҳамаи онҳое ки бо ман ҳастанд, шох навозем, шумо низ гирдогирди тамоми ӯрду шохҳоро бинавозед ва фарьёд зада, бигӯед: „Барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!“»


Ва ҳар се фавҷ шохҳоро навохтанд, ва кӯзаҳоро шикастанд, ва машъалҳоро дар дасти чапашон ва шохҳоро дар дасти росташон нигоҳ дошта, менавохтанд ва фарьёд мезаданд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan