Ва ҳангоме ки ман ва ҳамаи онҳое ки бо ман ҳастанд, шох навозем, шумо низ гирдогирди тамоми ӯрду шохҳоро бинавозед ва фарьёд зада, бигӯед: „Барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!“»
Ва Абималик ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ба кӯҳи Салмӯн баромаданд; ва Абималик табаре ба дасти худ гирифта, шохаи калоне аз дарахт бурид, ва онро бардошта, бар китфи худ гузошт, ва ба қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Он чи ман кардам, дидед; пас таъҷил намуда, мисли ман амал кунед».