Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва ҳамин ки Ҷидъӯн ҳикояти хоб ва таъбири онро шунид, саҷда бурда, ба ӯрдуи Исроил баргашт, ва гуфт: «Бархезед! Зеро ки Худованд ӯрдуи Мидьёнро ба дасти шумо таслим кардааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:15
15 Iomraidhean Croise  

Ва саҷда намудам ва Худовандро ибодат кардам, ва Худованд, Худои оғои худ Иброҳимро муборак хондам, ки маро ба роҳи рост андохт, то ки духтари бародари оғои худро барои писараш бигирам.


Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».


Ва ман ва ӯ дар як шаб хобе дидем, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб дидем.


Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд.


Ва Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз рӯзест, ки Худованд Сисроро ба дасти ту таслим хоҳад кард; инак, Худованд пешопеши ту берун омадааст». Ва Бороқ аз кӯҳи Тобӯр фурӯд омад, ва даҳ ҳазор нафар аз ақиби ӯ.


Ва чун бишнавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд, баъд аз он дастҳои ту кавӣ хоҳад гардид, ва ба ӯрду фурӯд хоҳӣ омад». Ва ӯ бо ҳамроҳии навкараш Фуро ба канори дастаи пешгарди мусаллаҳе ки дар ӯрду буд, фурӯд омад.


Ва рафиқаш дар ҷавоб гуфт: «Ин ҷуз шамшери Ҷидъӯн ибни Юош, марди исроилӣ, чизи дигаре нест. Мидьён ва тамоми ӯрдуро Худо ба дасти вай таслим кардааст».


Ва сесад нафарро ба се фавҷ тақсим намуд, ва ба дасти ҳамаи онҳо шохҳо ва кӯзаҳои холӣ дод, ва андаруни кӯзаҳо машъалҳо буд.


Ва Ҷидъӯн гуфт: «Ба ин сабаб, вақте ки Худованд Забаҳ ва Салмуноъро ба дасти ман таслим намояд, ман гӯшти бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва бо янтоқҳо хоҳам кӯфт».


Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд». Ва дар он чо Худовандро ибодат карданд.


Ва баъзе аз дастаи посбонон ба Йӯнотон ва силоҳбардораш гуфтанд: «Пеши мо бароед, то ки чизе ба шумо нишон диҳем». Ва Йӯнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Аз ақибам баро, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурдааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan