Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 7:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Ва рафиқаш дар ҷавоб гуфт: «Ин ҷуз шамшери Ҷидъӯн ибни Юош, марди исроилӣ, чизи дигаре нест. Мидьён ва тамоми ӯрдуро Худо ба дасти вай таслим кардааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 7:14
14 Iomraidhean Croise  

Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳонам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».


Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам. ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.


Ва Худованд сухане ба даҳони Билъом гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард, ва чунин бигӯ».


Ва ба Еҳушаъ гуфтанд: «Ба ростӣ, Худованд тамоми он заминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он замин пеши мо беҷуръат шудаанд».


Ва ба он мардон гуфт: «Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст, ва тарси шумо моро фаро гирифтааст, ва ҳамаи сокинони ин замин пеши шумо беҷуръат шудаанд;


Ва ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун ба самти ғарб буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ‐Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ‐Исроил боқӣ намонд.


Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд.


Ва Ҷидъӯн омад. Ва инак, касе ба рафиқаш хоби худро ҳикоят карда, мегӯяд: «Ман хоб дидам, ки як қурси нони ҷавин дар ӯрдуи Мидьён ғелида омада, ба хаймае расид, ва онро зада чаппаву роста кард, ва хайма фурӯ ғалтид».


Ва ҳамин ки Ҷидъӯн ҳикояти хоб ва таъбири онро шунид, саҷда бурда, ба ӯрдуи Исроил баргашт, ва гуфт: «Бархезед! Зеро ки Худованд ӯрдуи Мидьёнро ба дасти шумо таслим кардааст».


Ва баъзе аз дастаи посбонон ба Йӯнотон ва силоҳбардораш гуфтанд: «Пеши мо бароед, то ки чизе ба шумо нишон диҳем». Ва Йӯнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Аз ақибам баро, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурдааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan