Ва банӣ‐Исроил ба шумор оварда ва бо озуқа ва силоҳ таъмин карда шуданд, ва ба истиқболи онҳо рафтанд; ва банӣ‐Исроил ба муқобили онҳо мисли ду рамаи бузон ӯрду заданд, вале арамиён заминро пур карданд.
Зеро ки онҳо бо чорвои худ ва бо хаймаҳои худ меомаданд, ва мисли малах бисьёр буданд, ба тавре ки худашон ва шутурҳошон сону шумор надоштанд; ва ба ин замин меомаданд, то ки онро валангор кунанд.
Ва Довуд онҳоро аз сари шаб то бегоҳии рӯзи дигар зарба мезад; ва касе аз онҳо раҳо нашуд, ғайр аз чорсад нафар ҷавононе ки бар шутурҳо савор шуда, рӯ ба гурез оварданд.