9 Ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи онҳое ки ба шумо ситам мекарданд, раҳо намудам; ва онҳоро аз пеши шумо бадар ронда, заминашонро ба шумо додам.
Чандин бор онҳоро раҳо кард, вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд, ва аз гуноҳи худ ба залолат меафтоданд.
Ва фариштае пешопеши ту хоҳам фиристод, ва канъониён, амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро бадар хоҳам ронд, —
Ва ба шумо гуфтам: Ман Худованд Худои шумо ҳастам. Аз худоёни амӯриён, ки дар заминашон маскан гирифтаед, натарсед; вале шумо овози Маро нашнидед».
Худованд марди набие назди банӣ‐Исроил фиристод, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо аз хонаи ғуломӣ берун овардам;
Ва ба банӣ‐Исроил гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ман Исроилро аз Миср берун овардам; ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи мамлакатҳое ки шуморо ба танг меоварданд, раҳо кардам“.