Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Худованд марди набие назди банӣ‐Исроил фиристод, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо аз хонаи ғуломӣ берун овардам;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:8
12 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд ба воситаи ҳар набӣ ва ҳар пешбин Исроил ва Яҳудоро таъкид карда, гуфт: «Аз роҳҳои бади худ баргардед ва аҳкому фароизи Маро мувофиқи тамоми шариате ки ба падарони шумо амр фармудаам, ва ба воситаи бандагонам анбиё ба шумо фиристодаам, риоя намоед».


Ва ҳангоме ки писарат дар оянда аз ту пурсида, гӯяд: „Ин чист?“ — ба вай бигӯ: „Худованд моро бо қуввати даст аз Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард;


Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ин рӯзро, ки аз Миср, аз хонаи ғуломӣ берун омадед, дар хотир нигоҳ доред, зеро ки Худованд бо қуввати даст шуморо аз он ҷо берун овард; ва набояд хамири туруш хӯрда шавад.


Ва чун банӣ‐Исроил сӯи Худованд аз зулми Мидьён истиғоса бурданд,


Ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи онҳое ки ба шумо ситам мекарданд, раҳо намудам; ва онҳоро аз пеши шумо бадар ронда, заминашонро ба шумо додам.


Ва ба банӣ‐Исроил гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ман Исроилро аз Миср берун овардам; ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи мамлакатҳое ки шуморо ба танг меоварданд, раҳо кардам“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan