6 Ва банӣ‐Исроил аз дасти Мидьён бағоят бенаво гардиданд, ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд.
Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.
Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд, писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд, бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд, ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд; шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, бо шамшер валангор хоҳанд кард».
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».
Ғарибе ки дар миёни туст, бар ту торафт баланд хоҳад шуд, ва ту торафт ба паст хоҳӣ афтод.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.
Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
Ва чун банӣ‐Исроил сӯи Худованд аз зулми Мидьён истиғоса бурданд,