Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:39 - Китоби Муқаддас 1992 1999

39 Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Хашми Ту бар ман аланга нагирад, агар боз бигӯям, ки ман як бори дигар пашмро хоҳам озмуд: бигзор фақат пашм хушк монад, вале бар тамоми замин шабнам бошад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:39
14 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо сӣ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Агар дар он ҷо сӣ нафар ёбам, ин корро накунам».


Ва гуфт: «Худованд дарғазаб нашавад, ки ман фақат як бори дигар сухане хоҳам гуфт: шояд, дар он ҷо даҳ нафар ёфт шаванд?» Гуфт: «Ба хотири даҳ нафар маҳв накунам».


Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд? Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод? Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст? Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам? Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам, наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам, ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад ва аз ташнагӣ мемирад.


Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;


Лекин фарзандони малакут ба зулмоти берун бадар ронда хоҳанд шуд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон ҳоҳад буд».


Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба гайрияҳудиён рӯ меоварем;


Аммо Ӯ ба ман гуфт: „Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён хоҳам фиристод“».


Пас, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст, ва онҳо хоҳанд шунид».


Ва ҳамин тавр ба амал омад: бомдодон ӯ бармаҳал бархоста, пашмро пахш кард, ва як коса аз оби шабнам пур шуд.


Ва Худо дар он шаб ҳамин тавр кард: фақат пашм хушк монд, вале бар тамоми замин шабнам буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan