38 Ва ҳамин тавр ба амал омад: бомдодон ӯ бармаҳал бархоста, пашмро пахш кард, ва як коса аз оби шабнам пур шуд.
Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт, ва хушкӣ — ба чашмаҳои об; дар маскане ки шағолон мехобанд, маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.
Ва коҳин онро ба қурбонгоҳ наздик оварда, каллаашро мешиканад, ва бар қурбонгоҳ месӯзонад, пас аз он ки хуни он бар девори қурбонгоҳ фушурда шавад.
Инак, ман дар хирмангоҳ як миқдор пашми тарошидашударо паҳн карда мемонам: агар шабнам фақат бар пашм буда, тамоми замин хушк бошад, хоҳам донист, ки Ту Исроилро бо дасти ман наҷот медиҳӣ, чунон ки гуфтаӣ».
Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Хашми Ту бар ман аланга нагирад, агар боз бигӯям, ки ман як бори дигар пашмро хоҳам озмуд: бигзор фақат пашм хушк монад, вале бар тамоми замин шабнам бошад».