36 Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Агар Ту Исроилро бо дасти ман наҷот доданӣ бошӣ, чунон ки гуфтаӣ,
Ва гуфт: «Худоё Худовандо! Аз чӣ бидонам, ки вориси он хоҳам буд?»
Ва Ишаъё гуфт: «Аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст: оё соя даҳ зина пеш равад, ё даҳ зина қафо гардад?»
«Барои худ аз Худованд Худои худ аломате талаб намо: онро ё аз умқи фарш талаб намо, ё аз афрози арш».
Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.
Фарисиён ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.
Ва Худованд ба ӯ рӯй оварда, гуфт: «Бо ин қуввати худ бирав, ва Исроилро аз дасти Мидьён наҷот деҳ; Ман туро мефиристам».
Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ту Мидьёнро мисли як касе шикаст хоҳӣ дод».
Инак, ман дар хирмангоҳ як миқдор пашми тарошидашударо паҳн карда мемонам: агар шабнам фақат бар пашм буда, тамоми замин хушк бошад, хоҳам донист, ки Ту Исроилро бо дасти ман наҷот медиҳӣ, чунон ки гуфтаӣ».
Валекин агар чунин гӯянд: „Пеши мо бароед“, — он гоҳ мо хоҳем баромад, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти мо супурдааст; ва ин барои мо аломат хоҳад буд».