Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:34 - Китоби Муқаддас 1992 1999

34 Ва Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт; ва ӯ шох навохт, ва аҳли Абиэзер дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:34
20 Iomraidhean Croise  

Ва рӯҳе Амосайро, ки сардори фармондеҳон буд, фаро гирифта, ӯ гуфт: «Аз они ту ҳастем, эй Довуд! Ва бо ту хоҳем буд, эй писари Йисой! Саломатӣ, саломатӣ бар ту бод, ва саломатӣ бар ёварони ту бод, зеро ки Худои ту мададгори туст». Ва Довуд онҳоро қабул карда, дар миёни сардорони фавҷи худ гузошт.


Ва баъзе аз сибти Менашше ба Довуд ҳамроҳ шуданд, вақте ки ӯ бо фалиштиён ба мукобили Шоул ба ҷанг мерафт, вале ба онҳо мадад нарасониданд, зеро ки мирони фалиштиён баъди машварат намудан ӯро фиристода, гуфтанд: «Вай бо каллаҳои мо ба оғои худ Шоул ҳамроҳ ҳоҳад шуд».


Ва Рӯҳи Худо Закарьё ибни Еҳӯёдои коҳинро фаро гирифт, ва ӯ бар баландие пеши қавм истода, ба онҳо гуфт: «Худо чунин мегӯяд: „Чаро шумо аҳкоми Худовандро поймол мекунед? Шумо комьёб нахоҳед шуд, зеро ки Худовандро тарк кардаед, ва Ӯ низ шуморо тарк хоҳад кард“».


Туро ҳамеша ҳамд хоҳам гуфт, зеро ки инро Ту ба амал овардаӣ; ва ба исми Ту умед хоҳам баст, зеро ки он ба ҳузури порсоёни Ту некӯст.


Ва ҳангоме ки ҳар дуро бинавозанд, тамоми ҷамоат назди ту ба дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ хоҳанд шуд.


Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.


Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.


Ва ба писарони дигари Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳиссае расид, чунончи: ба писарони Абиэзер, ба писарони Ҳелеқ, ба писарони Асриил, ба писарони Шекем, ба писарони Ҳефер ва ба писарони Шамидоъ; инҳо писарони Менашше ибни Юсуф, яъне ҷинси мардони онҳо, мувофиқи қабилаҳошон мебошанд.


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фурӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.


Вақте ки ӯ ба Леҳӣ расид, фалиштиён ба пешвози ӯ ғавғо бардоштанд. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, танобҳое ки бар бозуҳояш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид, ва бандҳо аз дастҳояш фуромад.


Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.


Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Алҳол ман чӣ коре мисли шумо кардаам? Оё шингилҳои охирине ки Эфроим чидааст, аз тамоми ангурчинии Абиэзер беҳтар нест?


Ва Рӯҳи Худованд бар ту нозил шуда, бо онҳо нубувват хоҳӣ кард, ва ту шахси дигаре хоҳӣ гардид.


Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад.


Ва Йӯнотон ба фавҷи фалиштиёне ки дар Ҷибъо буданд, шикаст расонид, ва фалиштиён инро шуниданд; ва Шоул дар тамоми замин шох навохта, гуфт: «Эй ибриён, бишнавед!»


Валекин Рӯҳи Худованд аз Шоул дур шуд; ва рӯҳи баде аз ҷониби Худованд ӯро ба изтироб меандохт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan