Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.
Бинобар ин, инак Ман туро ба тасарруфи мардуми шарқ хоҳам дод, ва онҳо бошишгоҳҳои худро дар ту барпо хоҳанд намуд, ва масканҳои худро дар ту хоҳанд сохт, ва меваҳои туро хоҳанд хӯрд, ва шири туро хоҳанд нӯшид.
Ва Ҷидъӯн ба тамоми кӯҳи Эфроим қосидон фиристода, гуфт: «Ба пешвози Мидьён фурӯд оед ва онҳоро аз манбаъҳои об то Байт‐Боро ва аз маъбарҳои Урдун маҳрум созед». Ва тамоми мардуми Эфроим ҷамъ шуда, манбаъҳои обро то Байт‐Боро, ва маъбарҳои Урдунро ишғол карданд.