Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:32 - Китоби Муқаддас 1992 1999

32 Ва дар он рӯз ӯро Ерубаал номида, гуфт: «Бигзор Баал бо ӯ талош намояд, зеро ки курбонгоҳи варо вайрон кардааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:32
7 Iomraidhean Croise  

Кист, ки Абималик ибни Ерубошатро кушт? Зане, охир, санги болоии осиёро бар ӯ аз болои ҳисор андохт, ва ӯ дар Тебес мурд. Пас, чаро шумо ба ҳисор наздик шудед?“ — он гоҳ бигӯй: „Навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурдааст“».


Зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд; ва баробари шумораи кӯчаҳои Ерусалим шумо барои қабоҳат қурбонгоҳҳо барпо кардаед, яъне қурбонгоҳҳо аз баҳри сӯзонидани бухур барои Баал.


Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам; падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам; лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд, ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд.


Ва Юош ба ҳамаи онҳое ки дар пеши ӯ истода буданд, гуфт: «Оё шумо Баалро тарафгирӣ менамоед? Оё шумо варо раҳо мекунед? Хар кӣ варо тарафгирӣ намояд, то субҳидам кушта хоҳад шуд! Агар вай Худо бошад, бигзор худро тарафгирӣ намояд, зеро ки қурбонгоҳи варо ӯ вайрон кардааст».


Ва Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, субҳидам бархоста, назди чашмаи Ҳарӯд ӯрду заданд; ва ӯрдуи Мидьён ба тарафи шимолии Ҷабъаи Мӯре, дар водӣ буд.


Ва ба хонадони Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ба хотири тамоми некие ки ӯ ба Исроил карда буд, эҳсон нанамуданд.


Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan