Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:31 - Китоби Муқаддас 1992 1999

31 Ва Юош ба ҳамаи онҳое ки дар пеши ӯ истода буданд, гуфт: «Оё шумо Баалро тарафгирӣ менамоед? Оё шумо варо раҳо мекунед? Хар кӣ варо тарафгирӣ намояд, то субҳидам кушта хоҳад шуд! Агар вай Худо бошад, бигзор худро тарафгирӣ намояд, зеро ки қурбонгоҳи варо ӯ вайрон кардааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:31
18 Iomraidhean Croise  

Ва дар нимирӯзӣ Ильёс онҳоро тамасхур намуда, гуфт: «Бо овози баланд бихонед, зеро ки вай худост; шояд, ба мусоҳибае машғул бошад, ё барои қазои ҳоҷат дур шуда бошад, ё дар сафар бошад, шояд, хоб рафта бошад, ва бедор шавад».


Ва баъд аз гузаштани нимирӯзӣ онҳо то вақти баровардани қурбонии шом доду фарьёд карданд, валекин на садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷӯҳе.


Ва Ильёс ба онҳо гуфт: «Анбиёи Баалро дастгир кунед, як нафар ҳам аз онҳо раҳо нашавад!» Ва онҳоро дастгир карданд. Ва Ильёс онҳоро назди наҳри Қишӯн фурӯд овард, ва дар он ҷо онҳоро кушт.


Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун, ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат надеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ.


Он чиро, ки баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, баён кунед, ва мо хоҳем донист, ки шумо худо ҳастед; ягон кори неке ё баде бикунед, то ки мабҳут шавем ва якҷоя бубинем.


Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст, бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст: он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед, барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст.


Онро бар китфи худ бардошта мебаранд, ва дар маконаш мегузоранд, ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад; пеши он доду фарьёд мекунанд, вале ҷавоб намедиҳад, онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.


Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд, аз рӯи замин ва аз зери осмон нест хоҳанд шуд.


Онҳо мисли хӯсае дар полиз мебошанд, ва наметавонанд сухан ронанд; онҳоро бардошта бурдан лозим аст, чунки наметавонанд қадам зананд. Аз онҳо натарсед, зеро ки наметавонанд осебе расонанд, валекин некӣ кардан ҳам аз дасташон намеояд».


Ва Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне, аз миёни онҳое ки заминро ҷосусӣ карда буданд, либосҳои худро даррониданд,


Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.


Ва дар аъмоли бесамари зулмот иштирок накунед, балки онҳоро фош намоед.


Ва мардуми шаҳр ба Юош гуфтанд: «Писаратро берун барор, то бимирад, зеро ки қурбонгоҳи Баалро вайрон кардааст ва бути Ашераро, ки бар он буд, шикастааст».


Ва дар он рӯз ӯро Ерубаал номида, гуфт: «Бигзор Баал бо ӯ талош намояд, зеро ки курбонгоҳи варо вайрон кардааст».


Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan