Ва бомдодон мардуми шаҳр бархостанд, ва инак, курбонгоҳи Баал вайрон, ва бути Ашера, ки бар он буд, шикаста шудааст; ва наргови дуюм бар қурбонгоҳи навобод ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ оварда шудааст.
Ва мардуми шаҳр ба Юош гуфтанд: «Писаратро берун барор, то бимирад, зеро ки қурбонгоҳи Баалро вайрон кардааст ва бути Ашераро, ки бар он буд, шикастааст».