26 Ва барои Худованд Худои худ бар сари ин сахра қурбонгоҳе бар тибқи таомул бисоз; ва наргови дуюмро гирифта, бар чӯбҳои бути Ашера, ки шикастаӣ, ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр».
Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба ӯ гуфт: «Нарговеро, ки аз они падари туст, ва наргови дуюми ҳафтсоларо бигир; ва қурбонгоҳи Баалро, ки аз они падари туст, вайрон кун, ва бути чӯбини Ашераро, ки бар он аст, бишкан.
Ва Ҷидъӯн даҳ нафар аз ғуломонаш гирифт, ва он чи Худованд ба ӯ гуфта буд, ба ҷо овард; ва азбаски аз хонадони падараш ва аз мардуми шаҳр метарсид, ки ин корро рӯзона ба ҷо оварад, ӯ онро шабона ба ҷо овард.