Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:24 - Китоби Муқаддас 1992 1999

24 Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:24
20 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.


Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт‐Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва хаймаи худро барафрошт, ва Байт‐Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.


Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».


Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.


Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.


Ва аз он сангҳо қурбонгоҳе ба исми Худованд бино кард; ва гирдогирди қурбонгоҳ хандақе сохт, ки сатҳи кишти ду сео тухмиро дошт.


Ва Ешуа ибни Юсодоқ, ва бародаронаш, ки коҳинон буданд, ва Зарубобил ибни Шаалтиил ва бародаронаш бархостанд, ва қурбонгоҳи Худои Исроилро бино карданд, то бар он қурбониҳои сӯхтанӣ, чунон ки дар шариати Мусо, марди Худо, навишта шудааст, бароваранд.


Ва Мусо қурбонгоҳе бино кард, ва онро Худованд Ниссӣ ном монд.


Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.


Дар он айём Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Ерусалим дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исме ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.


Гирдогирд ҳаждаҳ ҳазор зироъ; ва номи шаҳр аз он рӯз: «Худованд он ҷост» хоҳад буд.


Инҳоянд банӣ‐Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,


Ва ба ноҳияи Урдун, ки дар замини Канъон аст, расида, банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар он ҷо назди Урдун қурбонгоҳ бино карданд, — қурбонгоҳи бузурге ки аз дурдаст ба назар намоён мешуд.


Ва фардояш қавм субҳидам бархоста, дар он ҷо қурбонгоҳ бино карданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ оварданд.


Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод, натарс, нахоҳӣ мурд».


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Ва Ҷидъӯн ибни Юош дар пирии некӯ вафот ёфт, ва дар мақбараи падараш Юош дар Ӯфрои Абиэзрӣ дафн карда шуд.


Ва Шоул қурбонгоҳе барои Худованд бино кард: ин аввалин қурбонгоҳе буд, ки ӯ барои Худованд бино кард.


Ва ба Ромо бармегашт, зеро ки дар он ҷо хонаи ӯ буд, ва дар он ҷо бар Исроил доварӣ менамуд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонгоҳ бино кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan