22 Ва Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Худованд аст, ва Ҷидъӯн гуфт: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам».
Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
Ва Ӯ гуфт: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад».
Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.
Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.
Ва гуфтед: „Инак, Худованд Худои мо ҷалол ва кибриёи Худро ба мо нишон дод, ва овози Ӯро мо аз миёни оташ шунидем; имрӯз мо дидем, ки Худо ба одам сухан меронад, — ва вай зинда мондааст.
Зеро кист аз тамоми башар, ки овози Худои Ҳайро, ки аз миёни оташ сухан рондааст, мисли мо бишнавад, — ва зинда бимонад?
Дар сурате ки ман дар он вақт дар миёни Худованд ва шумо истода будам, то ки каломи Худовандро ба шумо баён намоям, зеро ки шумо аз оташ тарсида, ба болои кӯҳ набаромадед, — ва гуфт:
Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод, натарс, нахоҳӣ мурд».