Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:20 - Китоби Муқаддас 1992 1999

20 Ва фариштаи Худо ба ӯ гуфт: «Гӯшт ва фатирҳоро гирифта, бар ин сахра бимон, ва шӯрборо бирез». Ӯ чунин кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:20
7 Iomraidhean Croise  

Ва гуфт: «Эй оғои ман! Агар дар назари Ту илтифот ёфта бошам, аз пеши бандаи Худ нагузар.


Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Лутфан, туро мо каме нигоҳ дорем, то ки барои ту бузғолае тайёр кунем».


Вале фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Ҳарчанд маро нигоҳ дорӣ, аз нони ту нахоҳам хӯрд; ва агар бихоҳӣ қурбонии сӯхтанӣ оварӣ, онро барои Худованд биёр». Зеро Монӯаҳ намедонист, ки вай фариштаи Худованд аст.


Ва Монӯаҳ бузғола ва ҳадияи ордиро гирифта, бар сахра барои Худованд қурбонӣ овард, ва инак, фаришта кори аҷоибе кард, ва Монӯаҳ ва занаш медиданд.


Ва Ҷидъӯн рафта, таом аз гӯшти бузғола ва фатир аз як эфа орд тайёр кард, гӯштро дар сабад ва шӯрборо дар коса андохт, ва зери дарахти писта оварда, пеши Ӯ монд.


Ва фариштаи Худованд нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, ба гӯшт ва фатирҳо расонид; ва оташе аз сахра баромада, гӯшт ва фатирҳоро фурӯ бурд; ва фариштаи Худованд аз пеши назари ӯ нопадид шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan