2 Ва дасти Мидьён бар Исроил чунон гарон омад, ки банӣ‐Исроил, барои паноҳ шудан аз Мидьён, барои худ гузаргоҳҳои зерикӯҳӣ, мағораҳо ва истеҳкомҳо сохтанд.
Дар дараҳои рӯдҳо маскан мегирифтанд, дар ғорҳои замин ва сахраҳо.
Ва чоҳе ки Исмоил ҳамаи ҷасадҳои одамони аз барои Ҷадальё куштаи худро дар он андохт, ҳамон буд, ки подшоҳ Осо аз тарси Баъшо подшоҳи Исроил сохта буд; онро Исмоил ибни Натаньё аз кушташудагон пур кард.
Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед, эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед, ки дар лаби ҷар лона месозад.
Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.
Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд.
Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон шуданд,
Ва онҳо банӣ‐Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ‐Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд.
Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил кишт мекарданд, мардуми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ пайдо шуда, бар онҳо ҳуҷум меоварданд.
Ва мардуми Исроил диданд, ки аҳволашон табоҳ шудааст, зеро ки қавм ба танг омадаанд. Ва қавм дар мағораҳо, ва дар сӯрохҳо, ва дар миёни сахраҳо, ва дар бурҷҳо, ва дар ҳафраҳо пинҳон шуданд;
Ва ҳар дуяшон худро ба дастаи посбонони фалиштӣ нишон доданд, ва фалиштиён гуфтанд: «Инак, ибриён аз сӯрохҳое ки дар онҳо пинҳон шудаанд, берун меоянд».