Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ту Мидьёнро мисли як касе шикаст хоҳӣ дод».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:16
13 Iomraidhean Croise  

Ва Ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ин аст аломати он ки Ман туро фиристодаам: вақте ки қавмро аз Миср берун оварӣ, Худоро бар ин кӯҳ ибодат хоҳед кард».


Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.


Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷӯъ карданд.


Ҳангоме ки ба ҷанги зидди душмани худ берун равӣ, ва аспон ва аробаҳо ва қавмеро, ки аз ту сершумортар бошанд, бубинӣ, — аз онҳо натарс, зеро Худованд Худоят, ки туро аз Миср берун овард, бо туст.


Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.


Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки онҳоро ба дасти ту супурдаам: ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад пеши ту истодагӣ намояд».


Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.


Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»


Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Агар Ту Исроилро бо дасти ман наҷот доданӣ бошӣ, чунон ки гуфтаӣ,


Ва инак, Бӯаз аз Байт‐Лаҳм омад ва ба даравгарон гуфт: «Худованд бо шумо бод!» Ба ӯ гуфтанд: «Худованд туро баракат диҳад!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan