Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:15
13 Iomraidhean Croise  

Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.


Ва Мусо ба Худо гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ‐Исроилро аз Миср берун оварам?»


Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз, на аз вақте ки Ту ба бандаи Худ сухан гуфтӣ, зеро ки ман тутила ва сақав ҳастам».


Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам».


Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Бобил қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи замини калдониён андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ маскани онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?»


Зеро ки ман хурдтарини ҳаввориёнам, ва сазовори он нестам, ки ҳавворӣ номида шавам, чунки калисои Худоро таъқиб мекардам.


Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Ва навкарони Шоул ин суханонро ба гӯши Довуд расониданд, ва Довуд гуфт: «Оё дар назари шумо домоди подшоҳ шудан осон аст? Ва ҳол он ки ман шахси бенаво ва ҳақирам».


Ва Шоул ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, биньёминӣ, яъне аз хурдтарини сибтҳои Исроил ҳастам, ва қабилаи ман аз ҳамаи қабилаҳои сибти Биньёмин хурдтар аст; пас чаро чунин сухане ба ман мегӯӣ?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan