Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ҷидъӯн ба вай гуфт: «Эй оғои ман, агар Худованд бо мо бошад, чаро ин ҳама ба сари мо омадааст? Ва куҷост ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ, ки падарони мо ба мо ҳикоят карда, гуфтанд, ки Худованд моро аз Миср берун овард? Ва алҳол Худованд моро тарк карда, ба дасти Мидьён таслим намудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:13
22 Iomraidhean Croise  

Ва писарон дар батни вай ҷунбиш мекарданд, ва гуфт: «Агар чунин бошад, ин ба ман барои чист?» Ва рафт, то ки аз Худованд бипурсад.


Ва ӯ ба истиқболи Осо берун омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.


Қавми Худро наҷот деҳ ва мероси Худро баракат фармо; онҳоро чӯпонӣ бикун ва барафроз то абад!


Барои сардори муғанниён бар сози шушон. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. Суруди муҳаббат.


Дилам аз ҳиссиёти хубе ба ҷӯш омадааст; ман мегӯям: сурудам ба подшоҳ бахшида шудааст; забонам қалами котиби тезнавис аст.


Ҳамаи либосҳоят мисли мур ва уд ва дорчин аст; аз қасрҳои оҷ Туро бо созҳо хурсанд мекунанд.


Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест: Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад. Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд. Ман, ки Худои Исроил ҳастам, онҳоро тарк нахоҳам кард.


Ва қавми Ӯ айёми қадими Мусоро ба ёд оварданд: куҷост Он ки онҳоро бо чӯпони рамаи Худ аз баҳр баровард? Куҷост Он ки Рӯҳулкудси Худро андаруни онҳо ниҳод?


Аз осмон назар андоз ва аз маскани муқаддас ва пурҷалоли Худ бубин! Рашки Ту ва тавоноии Ту куҷост? Дилсӯзии Ту ва марҳаматҳои Ту нисбат ба ман боздошта шудааст.


Ва агар ин қавм, ё набӣ, ё коҳин аз ту пурсида, гӯянд: „Бори Худованд чист?“ — пас ба онҳо бигӯй: „Кадом бор? Ман шуморо тарк хоҳам кард, — мегӯяд Худованд“.


Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?


Ва ҳамаи халқҳо хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?“


Ва ғазаби Ман бар онҳо дар он рӯз аланга зада, онҳоро тарк хоҳам кард, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, ва онҳо талаф хоҳанд шуд, ва бадиҳо ва кулфатҳои зиёде ба сари онҳо хоҳад омад; ва дар он рӯз онҳо хоҳанд гуфт: „Азбаски Худои мо дар миёни мо нест, ин бадиҳо ба сари мо омадааст“.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.


Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan