Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:12
16 Iomraidhean Croise  

Ва Ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ин аст аломати он ки Ман туро фиристодаам: вақте ки қавмро аз Миср берун оварӣ, Худоро бар ин кӯҳ ибодат хоҳед кард».


«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости курбонгоҳи бухур истод.


Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ».


Ҳангоме ки ба ҷанги зидди душмани худ берун равӣ, ва аспон ва аробаҳо ва қавмеро, ки аз ту сершумортар бошанд, бубинӣ, — аз онҳо натарс, зеро Худованд Худоят, ки туро аз Миср берун овард, бо туст.


Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.


Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст».


Ва Йифтоҳи ҷилъодӣ баҳодури ҷасуре буд; ва ӯ писари зани зинокоре буд; ва Йифтоҳро Ҷилъод ба дуньё оварда буд.


Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.


Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Ҷидъӯн ба вай гуфт: «Эй оғои ман, агар Худованд бо мо бошад, чаро ин ҳама ба сари мо омадааст? Ва куҷост ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ, ки падарони мо ба мо ҳикоят карда, гуфтанд, ки Худованд моро аз Миср берун овард? Ва алҳол Худованд моро тарк карда, ба дасти Мидьён таслим намудааст».


Ва инак, Бӯаз аз Байт‐Лаҳм омад ва ба даравгарон гуфт: «Худованд бо шумо бод!» Ба ӯ гуфтанд: «Худованд туро баракат диҳад!»


Ва ҳангоме ки ин аломатҳо бо ту рӯй диҳад, ҳар он чи аз дастат ояд, бикун, зеро ки Худо бо туст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan