Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:11
17 Iomraidhean Croise  

Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.


Он фариштае ки маро аз ҳар бадӣ раҳоӣ медиҳад, ин наврасонро баракат диҳад; ва номи ман ва номҳои падаронам Иброҳим ва Исҳоқ дар онҳо хонда шавад, ва дар васати замин бисьёр афзоиш ёбанд».


Ва ӯ аз он ҷо рафта, Элишоъ ибни Шофотро ёфт, ки вай шудгор мекард; дувоздаҳ ҷуфт гов пешопеши вай, ва худаш бо ҷуфти дувоздаҳум буд. Ва Ильёс аз пеши вай гузашта, ридои худро бар китфи вай партофт.


Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.


Инҳоянд банӣ‐Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,


Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,


Ва ба писарони дигари Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳиссае расид, чунончи: ба писарони Абиэзер, ба писарони Ҳелеқ, ба писарони Асриил, ба писарони Шекем, ба писарони Ҳефер ва ба писарони Шамидоъ; инҳо писарони Менашше ибни Юсуф, яъне ҷинси мардони онҳо, мувофиқи қабилаҳошон мебошанд.


Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.


Ва он зан омада, ба шавҳари худ гуфт: «Марди Худо назди ман омад, ва намудаш мисли намуди фариштаи Худо бағоят саҳмгин буд; ва ман аз ӯ напурсидам, ки ӯ аз куҷост, ва ӯ номи худро ба ман нагуфт.


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»


Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Алҳол ман чӣ коре мисли шумо кардаам? Оё шингилҳои охирине ки Эфроим чидааст, аз тамоми ангурчинии Абиэзер беҳтар нест?


Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan