Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 6:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва ба шумо гуфтам: Ман Худованд Худои шумо ҳастам. Аз худоёни амӯриён, ки дар заминашон маскан гирифтаед, натарсед; вале шумо овози Маро нашнидед».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 6:10
23 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд ба воситаи ҳар набӣ ва ҳар пешбин Исроил ва Яҳудоро таъкид карда, гуфт: «Аз роҳҳои бади худ баргардед ва аҳкому фароизи Маро мувофиқи тамоми шариате ки ба падарони шумо амр фармудаам, ва ба воситаи бандагонам анбиё ба шумо фиристодаам, риоя намоед».


Онҳо аз Худованд метарсиданд, ва дар айни ҳол худоёни худро, мувофиқи таомули халқҳое ки аз миёнашон кӯчонида шуда буданд, ибодат мекарданд.


Ва ин аз он сабаб рӯй дод, ки банӣ‐Исроил пеши Худованд Худои худ, ки онҳоро аз замини Миср, аз зери дасти фиръавн, подшоҳи Миср, берун оварда буд, гуноҳ карданд, ва аз худоёни дигар тарсиданд;


Ва онҳоро таъкид менамудӣ, то ки сӯи Тавроти Ту руҷӯъ намоянд, вале онҳо рафтори шарирона намуда, ба аҳкоми Ту гӯш надоданд, ва бар хилофи қонунҳои Ту, ки кас агар онҳоро ба ҷо оварад, зиндагии некӯ мебинад, гуноҳ карданд, ва аз итоат рӯ тофта ва гарданкашӣ карда, гӯш надоданд.


Эҳтиёт намо, ки бо сокинони замине ки ба он ҷо меравӣ, аҳд набандӣ, мабодо дар миёни шумо доме гардад,


Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.


Ва овози устодони худро нашунидам, ва ба муаллимони худ гӯш надодам?


Худованд чунин мегӯяд: «Роҳи халқҳоро таълим нагиред ва аз аломоти осмон натарсед, чунон ки халқҳо аз онҳо метарсанд;


Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки гарданкашӣ карданд, то ки нашнаванд ва пандро напазиранд.


Фақат ба гуноҳи худ иқрор шав, ки ту ба Худованд Худои худ осӣ шудаӣ, ва бо бегонагон зери ҳар дарахти сабз басо ишқбозӣ кардаӣ, ва ба овози Ман шумо гӯш надодаед, — мегӯяд Худованд.


Пас, дар қабоҳати худ бихобем, ва расвоии мо моро хоҳад пӯшонид, зеро ки мо пеши Худованд Худои худ гуноҳ кардаем, — мо ва падарони мо, аз ҷавонии мо ва то ҳамин рӯз; ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем.


Ва ман имрӯз ба шумо эълон намудам, вале шумо ба овози Худованд Худои худ ва ба ҳар чи Ӯ ба воситаи ман ба шумо фиристод, гӯш надодед.


Пас Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва тамоми қавм ба овози Худованд гӯш надоданд, то ки дар замини Яҳудо бимонанд,


Ва ба замини Миср рафтанд, зеро ки ба овози Худованд гӯш надоданд; ва ба Таҳфанҳес расиданд.


Ва Худованд мегӯяд: «Чунки онҳо шариати Маро, ки дар пешашон гузошта будам, тарк карданд, ва ба овози Ман гӯш надоданд, ва бар тибқи он рафтор накарданд,


Вай овозро намешунавад, пандро намепазирад, ба Худованд таваккал намекунад, ба Худои худ наздик намешавад.


Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: «Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?»


Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,


Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».


Ва шумо бо сокинони ин замин аҳд набандед, қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед“. Вале шумо овози Маро нашнидед. Ин чӣ кор аст, ки кардед?


Ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи онҳое ки ба шумо ситам мекарданд, раҳо намудам; ва онҳоро аз пеши шумо бадар ронда, заминашонро ба шумо додам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan