9 Дили ман ба сарварони Исроил илтифот дорад, ва ба онҳое низ, ки аз миёни қавм ба ихтиёр ғайрат кардаанд. Худовандро ҷалол диҳед!
Ва қавм аз ионатҳои ихтиёрии худ шод гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд, ва подшоҳ Довуд низ бағоят шод шуд.
Ва дар паҳлуи вай Амасьё ибни Зикрӣ буд, ки барои Худованд ионат медод, ва бо ӯ дусад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.
Ва Ҳизқиё ва сарварон омада, тӯдаҳоро диданд, ва Худованд ва қавми Ӯ Исроилро муборак хонданд.
Ва қавм ҳамаи касонеро, ки бо ихтиёри худ ба маскан гирифтан дар Ерусалим розӣ шуданд, муборак хонданд.
Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ.
Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.
Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.
Зеро ки ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо иҳтиёри худ сӯи шумо равона шуд.
Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.
«Вақте ки ҳарҷумарҷ дар Исроил ба амал омад, қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!