Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:8
8 Iomraidhean Croise  

Аз барои он ки Маро тарк карданд, ва ин маконро аз Ман бегона сохтанд, ва дар он барои худоёни дигар, ки худашон ва падаронашон ва подшоҳони Яҳудо намешинохтанд, бухур сӯзониданд, ва ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд;


Ва Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро аз байни худоёни қавмҳое ки дар гирду пешашон буданд, пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд, ва Худовандро ба ғазаб оварданд.


Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд.


Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.


Дар зери садои тирандозони назди обхӯраҳо, дар он ҷо аъмоли наҷотбахши Худовандро, наҷотеро, ки Ӯ ба саркардагони Исроил бахшидааст, ситоиш мекунанд. Он гоҳ қавми Худованд назди дарвозаҳо фурӯд омаданд.


Саркардагон дар Исроил аз миён рафта, боқӣ намонда буданд, то даме ки ман, Дебӯро, бархостам, ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan