7 Саркардагон дар Исроил аз миён рафта, боқӣ намонда буданд, то даме ки ман, Дебӯро, бархостам, ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам.
Ман сулҳҷӯ ва амини Исроил ҳастам; ту мехоҳӣ шаҳреро, ки модари шаҳрҳост, дар Исроил хароб кунӣ; барои чӣ туро лозим аст, ки мулки Худовандро маҳв намоӣ?»
Бинобар ин яҳудиёни аз ҳисор берун, яъне онҳое ки дар шаҳрҳои беҳисор сукунат доранд, рӯзи чордаҳуми моҳи адорро рӯзи шодмонӣ ва базм ва ид мегардонанд ва ҳадияҳо ба ҳамдигар мефиристанд.
Ва подшоҳон мураббиёни ту, ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд; рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард, ва хоки пои туро хоҳанд лесид; ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».
Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед.
Дар айёми Шамҷар ибни Анот, дар айёми Ёил шоҳроҳҳо хало гардида буд, ва роҳсипорон бо роҳҳои ғайримустақим равона мешуданд.
Худоёни навро ихтиёр карданд, аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид; дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.