5 Кӯҳҳо аз ҳузури Худованд гудохта шуд, мисли Сино аз ҳузури Худованд Худои Исроил!
Ба ҷои борон бар онҳо жола боронид, ва оташи сӯзон бар замини онҳо.
Он гоҳ исми Худовандро хондам: «Лутфан, эй Худованд, ҷонамро бираҳон».
Зеро ки ба ҳотири Ту бори нангро бардоштаам, ва пардаи расвоӣ рӯи маро пӯшидааст.
Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ — бегона.
Худовандро бо барбат бисароед, бо барбат ва бо овози тараннум.
Ва тамоми қӯҳи Синоро дуд фаро гирифта буд, чунки Худованд дар оташ бар он фурӯд омад, ва дуди он мисли дуди хумдон мебаромад; ва тамоми кӯҳ бағоят меларзид.
Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.
Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст, ва пуштаҳо гудохта шудааст; ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст, ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.
Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд, варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт.
Шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва оташфишон аст, ба торикӣ ва зулмот ва тундбод,