4 Худовандо, вақте ки Ту аз Сеир берун омадӣ, вақте ки Ту аз дашти Адӯм қадамгузор шудӣ, замин ба ларза омад, осмон низ қатра боронид; абрҳо низ об боронид.
Ва гуфт: «Худованд аз Сино омад, ва аз Сеир бар онҳо тулӯъ кард, аз кӯҳи Форон зоҳир шуд, ва аз миёни беварҳои муқаддасон падид омад; аз ямини Ӯ оташи шариат барои онҳо фурӯзон буд.
Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло чунин ваъда додааст: «Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза хоҳам андохт».