Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 5:31 - Китоби Муқаддас 1992 1999

31 Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» Ва замин чил сол ором ёфт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 5:31
39 Iomraidhean Croise  

Ва инак, Кушӣ омад. Ва Кушӣ гуфт: «Оғоям подшоҳ ин муждаро қабул фармояд, ки Худованд имрӯз доварӣ намуда, туро аз дасти ҳамаи онҳое ки бар зидди ту қиём карда буданд, раҳоӣ додааст».


Ва подшоҳ ба Кушӣ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Кушӣ гуфт: «Душманони оғоям подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бар ту барои бадӣ қиём мекунанд, мисли он ҷавон бишаванд!»


Ва ин мисли рӯшноии субҳ аст, вақте ки офтоб тулӯъ мекунад, яъне вақте ки субҳ бе абр аст, ва аз дурахшонии баъд аз борон майса аз замин неш зада мебарояд“.


Ба наҷоти ту тараннум менамоем, ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем. Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.


Зеро ки подшоҳ ба Худованд таваккал мекунад, ва бо эҳсони Ҳаққи Таоло фурӯ нахоҳад ғалтид.


Аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудааст, фасод кардааст.


Онҳое ки дар хонаи Худованд шинонда шудаанд, дар саҳнҳои Худои мо хоҳанд шукуфт.


Бигзор дарьёҳо каф зананд, кӯҳҳо якҷоя тараннум кунанд


Ва то ҳазорон насл, ба онҳое ки Маро дӯст медоранд ва аҳкоми Маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам.


Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.


Ва хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисьёреро ба адолат ҳидоят намудаанд, — мисли ситорагон хоҳанд буд то абад.


Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».


Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!


Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;


Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.


Бо ҳамаи онҳое ки ба Худованди мо Исои Масеҳ муҳаббати бефано доранд, файз бод, омин.


Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор.


Пас бидон, ки Худованд Худои ту Худост, Худои амин аст, ки аҳд ва марҳамати Худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, то ҳазор насл нигоҳ медорад,


Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.


Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?


Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед


Ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.


Шодӣ кунед дар ҳаққи вай, эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварӣ намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст».


Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»


Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт.


Ва Мӯоб дар он рӯз зери дасти Исроил итоат намуд, ва замин ҳаштод сол ором ёфт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan