Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад:
Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд: